(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси дастури нишондодҳои Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар тамоми макотиби миёнаи умумии шаҳр ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил карда шуд, ки ин иқдом бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани маҳсулоти ватанӣ бо нархҳои дастрас ба волидайни муҳассилин мебошад.Ин иқдом баҳри таъмини пурраи мактабиён бо либоси мактабӣ мусоидат хоҳад намуд.

Субҳи имрўз дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳр ярмаркаи либоси мактабӣ ташкил гардид, ки он аз ҷониби волидайн истиқболи гарм пайдо кард. Сифати маҳсулот баланд талаботи мизоҷонро қонеъ ва нархҳо дастрас буданд.

Дар ярмарка маҳсулоти анвои гуногуни либоси мактабӣ барои духтарон ва писарон, либосҳои варзишӣ, лавозимоти хониш ва ғайраҳо ки истеҳсоли ширкати ватании «Наргис», «Фаррух Компания», ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, пешниҳод карда шуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд