(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЧӣ тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда буданд, имрӯз ба дастоварди назаррас ноил гардиданд.

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей дастаи олимпии Точикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23 - уми июл аз фанни математика ва санаи 24 - июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати Литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гарданд.

Аз ҷумла: Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ - ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ - ҷойи 2 ум ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ - ҷойи 3-ум ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Лозим ба таъкид аст, ки Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон байни хонандагони синфҳои 3-11 гузаронида шуда, хонандагони Литсей дар категорияи хонандагони синфҳои болоӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.

Ин хонандагони боистеъдод - ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ инчунин санаи 25-27 июли соли равон дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Пориси кишвари Фаронса баргузор мегардад, иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Олимпиадаи байналмилалии фаннии "ISTEM - GRAND FINAL 2022" 20 сол қабл аз ҷониби ҷоизадори Ҷоизаи Нобел физики машҳури амрикоӣ Карл Вейман ва Донишгоҳи Колорадои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико созмон дода шуда, дар ҳаракати олимпии ин олимпиадаи фаннии байналмиллалӣ беш аз 93 кишвари олам шомил аст.

Дастаи Тоҷикистонро имсол дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар 3 даври олимпиада тариқи фосилавӣ моҳҳои феврал - июн иштирок намуда, ба даври финалӣ роҳхат ба даст оварда буданд, муаррифӣ намуданд.

Гуфтанист, ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 3 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ Анталияи кишвари Туркия, Хюстони кишвари Амрико ва Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда, инчунин дар 13 олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи фосилавӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ дар 16 олимпиада 415 медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва 3 Ҷоми даставиро ба даст овардаанд.

Маъмурият ва омӯзгорони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон изҳори сипос намуда, фароҳам овардани шароити мусоидро асоси дастовардҳо худ меҳисобанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд