(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо ҳадафи амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар тамоми ширхоргоҳ-кўдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ бо номи “Шоҳи обӣ” ҷараён дорад.

Ду гуруҳи тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳарду дастаҳо аз 6 нафар кўдак иборат буда, бо ҳам аз рўйи 5 шарт дар рақобат шуданд.

Мусобиқа асосан дар ҳавзи шиноварии кўдакони муассисабаргузор гардид, ки тарбиятгирандагон ҳар як шартро бо маҳорати хоса иҷро намуданд.

Мусобиқаро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти кўдакистон мушоҳида намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Таъкид шуд, ки нахустин мусобиқаи «Шоҳи обӣ» ба тариқи таҷрибавӣ маҳз дар ҳамин кўдакистон баргузор гардида, минбаъд он дар дигар муассисаҳои таълимии томактабӣ амалӣ карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд