(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ширхоргоҳ-кўдакистони №31-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ бо номи “Шоҳи обӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқа тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии №31 ва №32 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҳарду дастаҳо аз 6 нафар кўдак иборат буда, дастаи якум бо номи “Делфин” ва дастаи дуюм бо номи “Моҳича” бо ҳам аз рўйи 5 шарт дар рақобат шуданд.

Мусобиқаро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти кўдакистонҳо мушоҳида намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барои тарбияи солимии кўдакон дар МТТ №31 майдончаҳои бозии волейбол ва баскетбол муҳайё карда шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд