(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 30 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2022 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми ним соли 2022 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли таърихии 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, нимсолаи аввали соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.Дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 647,3 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 74,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 191,8 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,0 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 357,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,6 млн. сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 59 намуд ё 47,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 119958,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан 121822,7 ҳазор сомонӣ ва ё 101,6 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 1864,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба маблағи 692,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 100,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин марҳила даромади умумии буҷети шаҳри Хуҷанд 267159,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 271208,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 4049,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва ё 101,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 18289,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 107,2 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2022 ба маблағи 128350,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 128181,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Шаҳрдор вобаста ба корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 540 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳо, 19 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 64 адад даромадгоҳҳо, 5175,0 м2 боми биноҳо ва 526,0 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 138 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 823,2 ҳазор бех гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, виола, карамгул, карнайгул, 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2022-юм 41,0 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 30,0 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2022-юм дар 12,96 км роҳҳо таъмири асосию ҷорӣ гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври шаҳрии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятии озмун пешниҳод гардиданд. Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” 60 адад маҳфилҳо, ба монанди “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон”, «Кишваршиносони ҷавон» ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ ташкил гардидаанд.Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2022 бояд 393 нафар омўзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоранд ва то имрўз 263 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин ба ҳисоби миёна 67 % - и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давоми нимсолаи якуми соли 2022 – 42 нафар омўзгорон ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба муассисаҳои таълимӣ 154 адад (100%) компютер ва 51 (312%) адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст ва 23 муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Айни замон, дар 50 муассисаҳои таълимӣ 74 синфхонаҳои компютерӣ, 1937 адад компютер, 286 адад принтер, проектор 322 адад ва тахтаи электронӣ 269 адад мавҷуд буда, хамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 5-11, 116 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи онлайн ва интихобӣ зиёд гардида истодааст.

Хатмкунандаи МТУҒ «Гимназияи Гёте» Пўлотов Юсуфҷон барои гирифтани идрорпулии DAAD-хадамоти мубодилаи омўзгорон ва хонандагоне, ки забони немисиро меомўзанд, сазовор шуд.

12 нафар хатмкунандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба дарёфти грантҳои омўзишӣ дар донишгоҳҳои беҳтарини Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба маблағи 2,5 миллион доллари амрикоӣ сазовор шуда, таҳсили худро дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико давом медиҳанд.

Инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия муассисаи таҳсилоти томактабии №18, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, аз нав барқарор гардида истода, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 низ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Раиси шаҳр гуфт, ки дар асоси нақшаи генералӣ аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” дар шаҳри Хуҷанд нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 1-2, 26, 27, 28-29, 30 ва аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар шаҳри Душанбе нақшаи муфассали хиёбони исмоили Сомонӣ, кўчаҳои Рифъат Ҳоҷиев, Гагарин, ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони соҳа нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 4-5, 14-15 таҳия шуда, дар ин маҳаллаҳо сохтмони бино ва иншоот ба таври комплексӣ амалӣ мешавад. Бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 590 иншоот ба нақша гирифта шуда, алҳол аз тарафи вазорату идораҳо ва соҳибкорони ватанӣ зиёда аз 98 адад сохтмони иншооти таъиноташон гуногун бунёд шуда истодаанд, ки аз онҳо 3 адад биноҳои маъмурӣ, 6 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмир ва таҷдиди бинои асосии беморхонаи №1-и шаҳр, воқеъ дар кўчаи Гагарин, сохтмони бинои нави стансияи ёрии таъҷилӣ дар ҳудуди беморхонаи №1-и шаҳр мебошад. Инчунин дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 57 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст.

Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст, айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 4 адад марказҳои таълимӣ, 3 адад нуқтаҳои омўзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда истодааст. Инчунин дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр 3160 нафар ҳунармандон низ фаъолияти хешро пеш бурда истодаанд. Теъдоди ҳунармандони дар шаҳр фаъолият дошта зиёда аз 3160 нафарро ташкил медиҳанд. Дар самти соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони ҷойи кор надошта бояд қайд намуд, ки 150 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” аз рўи 7 ихтисос ҷалб карда шуданд. Аз шумораи умумӣ 136 нафарашон занон ва 140 нафар ҷавонон мебошанд. Тариқи худмаблағгузорӣ 109 нафар, аз онҳо 82 нафар заноне, ки ҷойи кор надоштанд, ба курсҳои кўтоҳмуддати корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” барои касбомўзӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, таҳлилҳо собит намуданд, ки дар ҳудуди шаҳр тавассути марказҳои таълимии истеҳсолӣ айни ҳол 81нафар ҳунармандон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, 2501 нафар шогирд бароварда истодаанд.Бо мақсади таъмини таъсис додани ҷойҳои кории нав аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молиявию бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, дўкону растаҳои фурўши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, инчунин ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоту маснуоти дастӣ барои сайёҳон чораҷўӣ намуда, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуда истодаанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар ин давра 64 адад чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо иштироки 52 ҳазор нафар иштирокчиён ташкил ва гузаронида шуданд. Эҷодкорон ва ҳунармандони вилояти Суғд дар чорабиниҳои байналхалқӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ўзбекистон, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Фарғона, Тошкент фаъолона иштирок намуда, санъату фарҳанги миллиро ба таври арзанда муаррифӣ намуданд. Инчунин, дар таҳия ва омодасозии сенарияи намоишҳои театрикунонидашуда, барномаҳои консертӣ фаъолона иштирок намуда, дар ороишу омодасозии лоиҳаи иншооти фарҳангӣ низ саҳмгузор гардида истодаанд. Таҳия, қабул ва амалигардонии “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва болоравии маърифати ҳуқуқии занон мусоидат менамояд.

Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфузи онҳо дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар асоси Барнома ва тибқи нақша - чорабинии он, курси 3 моҳаи «Зан – сарвар» баргузор мегардад, ки шурўъ аз давраи амалишавии барнома соли 2017 то ин дам 160 нафар занону бонувон онро хатм намуда, соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд. Дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 21 нафар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 7 нафарашонро занон ишғол намудаанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои иқтисодии занон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонанишин семинарҳои омўзишӣ бо иштироки занони ҳунарманд, гирандагони грантҳои Президентӣ, вилоятиву шаҳрӣ доир гардид. Ҷиҳати таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспўшии ғайр ва риояи маданияти шаҳрдорӣ дар маҳаллаҳои шаҳр бо занони сатрпўш сўҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани завқи либоспўшии миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, ғанӣ гардонидани ҳаёти маънавии бонувон, инчунин аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар ҳамаи идора, ташкилоту муассисаҳо аксияи «Тоҷикона мепўшем» доир гардида истодаанд.

Сипас, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Садои мардум” Мадина Поччоева, рӯзномаи “Согдийская правда”, Фарзона Шамсиева, ШТР “СМ-1”, Шамсиддин Наврӯзов ШТР “7 ситора”, Фарзон Муҳаммадӣ, радиои “Озодӣ”, Алишер Охунов, ОИ “Сугднюс”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Ҷӯра Юсуфӣ маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Махфират Сатторова, рӯзномаи “Ризқофарин”, Нуъмони Раҷабзод, рӯзномаи “Омӯзгор”, Дилфуза Қурбонова, ШТР “Диёр”, Фарзона Муродӣ, рӯзномаи “Пайк”, Абдуҳамид Ҷӯраев радиои “Замон”ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, эҳёи анъанаҳои чойхонадорӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, бунёди мактабу майдончаҳои варзишӣ, хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами автобусҳо, вазъи эпидемологӣ, коркарди партовҳо, вазъи ҷинояткорӣ, ободонии маҳаллаҳо ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагї ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд