(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон 318 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маъракаи гузаронидашуда, 127 адад маърака кам мебошад. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 1,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 183,3 ҳазор сомонӣ кам масраф гаштааст.

Дар ин давра назорати санҷиши мунтазам аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аъзоёни комиссияи доимии маҳаллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, дар натиҷа 7 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷиҳати риоя накардан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми баргузории ҷашну маросим ошкор карда шудааст. Нисбати шахсони қонунвайронкунанда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи талаботи қонунгузории танзим оид ба таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ дар 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, дар корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр буда, новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, комиссияи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. То ин муддат миқдори чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ 145 ададро ташкил дод. Дар соли ҷорӣ фаъолияти 25 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳо санҷида шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд