(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Баҳри тақвияти иқтидори ин соҳа чораҳои амалӣ андешида шуда, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр имрўз ба 177 адад расидааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми шаш моҳ ба маблағи 647,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,1 млн. сомонӣ зиёд таъмин шудааст.

Дар шаҳр 125 намуд маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо истеҳсоли 59 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.

Дар ин давра ба самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ вусъат бахшида, дар натиҷа 3 адад корхонаҳо ба монанди ҶДММ “Шабнами Суғд”, “Шириниҳои Дилбархон” ва “Шоҳроҳи Истиқлол” бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2,3 тонна маҳсулоти хўрока дар як моҳ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади рушд додани саноати истеҳсолӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир, ки барои вусъат бахшидани корҳо дар самти истеҳсоли полиэтилен ва собуни хоҷагӣ мусоидат мекунад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар ин самт дар шаҳр 1 адад корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ фаъолият намуда, 2,35 тонна ё ба маблағи 56,3 ҳазор сомонӣ ва 1 адад корхонаҳои истеҳсоли собуни хоҷагӣ фаъолият намуда, 3,57 тонна ё ба маблағи 16,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд