(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақша чорабиниии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд намояндагон - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ба Муассисаи давлатии "Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон"-и шаҳри Хуҷанд омада, омузгорон ва тарбиятгирандагони Марказро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо Иди саиди Қурбон табрик ва таҳният гуфтаанд.

Таъкид шуд, ки ҷавҳари аслии тарбиявӣ ва ахлоқии иди Қурбон дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат ба Худо ва бандагони вай, ростқавливу иродатмандӣ дар эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад. Шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад. Дар ин рӯзи муборак, ки Худованд мустаҷоб гардонидани дуову ниёиши мусулмононро ваъда кардааст, дуо мекунем, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаи давлатии "Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон"-и шаҳри Хуҷанд ба 12 нафар тарбиятгиранда 2 омузгор, 5 мураббия, 2 нафар табибу ҳамшираи шафқат ва 2 нафар кормандони иҷтимоӣ машғул мебошанд. Дар Марказ барои кудакон тамоми шароит муҳайё гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷӯҳи доимии давлату ҳукумат қарор доранд.

Аз ҷониби бошандагон барномаи ҷолиби фарҳангӣ, шеър дар васфи Ватан, Точикистон, Хучанд, рақсу суруд ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд