(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Иди саиди Қурбон якчанд нафар эҳтиёҷмандон, беморон ва куҳансолон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аёдат карда шуд.

Раиси шаҳр ҳангоми дидорбинӣ бо аёдатшудагон гуфт, ки бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ мо ҳамагон бо аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми якдигар аз ҳоли эҳтиёҷмандон ва ашхсои хизматнамуда дар арафи иду айём ва рўзҳои таърихӣ бохабар мегардем. Ин пеш аз ҳама аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои тоҷик ба шумор меравад.

Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан мебошад. Муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдонӣ ва имонии мову шумо – мардуми шарифи кишвар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн ва хизмат ба онҳо, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва бо риояи моҳияту асли давлати демократӣ ва дунявиамон баргузор намудани расму ойинҳои милливу динӣ мебошад. Мо ҳамагон вазифадорем, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ худдорӣ карда, имкониятҳои моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.

Аёдатшудагон Назарбобо Пўлодов, Омина Пўлодова сокинони маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов», Наҷмиддин Мансуров 98 сола, сокини маҳаллаи “Хуҷанд” ва дигарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ, амну осоиш, таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа дуои нек намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд