(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар рўзҳои таҷлили Иди Қурбон Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз қисми низомии 3501 ВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, сарбозону афрсарони ин қисми низомиро аёдат намуданд.

Зимни ташриф Раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода ҳайати қисми низомиро ба Иди Қурбон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки мо ҳамагон шукр аз он мекунем, ба шарофати сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем. Дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд. Ҳамчунин, омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстиву ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст. Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст.

Бояд қайд намуд, ки бахшида ба Иди Қурбон дар тамоми қисмиҳои низомӣ ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дастархони идона гуфтурда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд