(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМардуми шарафманди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ Иди Қурбонро таҷлил намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масчиди Шайх Маслиҳаддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҳозиринро бо Иди Қурбон таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Иди Қурбон, ки бо номи иди Азҳо низ маъруф аст, мисли аксари ҷашну маросим, идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми куҳанбунёди мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ истиқболи тоза ёфт ва маҳбубияти пешини хешро ҳифз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, таъкид намудаанд: «Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси Иди Қурбон мебошад».

Воқеан ҳам, Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, дар арафаи иди мазкур ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мўҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дўстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад.

Таъкид шуд, ки дар шароити имрўзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми нерўи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, дар чунин шароит бояд ба масъалаҳои истифодаи оқилонаву самараноки замин, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа дода, ба ин восита дар пешрафт ва таъмини осудагии аҳли оилаи хеш, пайвандон ва дар маҷмўъ аҳолии кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузорем.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сокинони вилоят дар соли барои халқу мамлакат таърихии омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки асоси суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва устувории сохти конститутсиониро гузошт, бештар муттаҳид гардида, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.

Намозгузорон бо хондани намози Иди Қурбон баҳри ободӣ, амну осоиштагӣ ва рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон дасти дуо бардоштанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд