(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

РАМЗИ САДОҚАТУ МЕҲРУБОНӢ

Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии иди саиди Азҳо ё ба истилоҳи маъмул Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусалмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик намуда, имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо ва саодати рўзгорро таманно дорам.

Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дар қатори тамоми мусалмонони ҷаҳон ин идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Воқеан, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондўстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он баробари тоату ибодат, инчунин сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накўкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зўроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад».

Боиси хушнудист, ки мардуми мусалмони мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоянд.

Зикр бояд кард, ки ҳаҷ, яъне зиёрати хонаи Худо рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад. Қурбонӣ рамзи садоқату вафодорӣ ва имону тақво ба Худои таоло мебошад.

Яке аз фазилатҳои асосии иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Хушбахтона, дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон дар рўзҳои ид аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.

Зикр бояд намуд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии давлатамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, барои ободиву пешрафти Ватан содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.

Дар ин рўзи муборак, таманно дорам, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад.

Бори дигар, фарорасии иди саиди Қурбонро табрик гуфта, тани сиҳат, иқболи нек ва барори кор орзу дорам.