(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои таҳиягардида силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Тибқи дастуру нишондодҳои Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар тамоми идораву ташкилот, новобаста ба шакли моликият корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад.

Имрӯзҳо аз ҷониби кормандони Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд боназардошти ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ ба хотири хизматрасонии босифат, тарғиби ташкили тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим, ки ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста мешавад, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд.

Саҳну ҳавлии маркази саломатӣ обод ва гулзору гулистон карда шудааст, ки маризон ва корафтодагони марказ дар суҳбаткадаҳои он истироҳат карда метавонанд.

Татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудбахшии шароити моддиву техникии Марказ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имкон ба даст овард, ки якчанд шуъбаву хизматрасониҳо, аз ҷумла ҳуҷраи хатна, дандонпизишкӣ, физиотерапевтӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид, ки он барои табобати беморон ва рафъи мушкилоти корафтодагон мусоидат менамояд.

Утоқи физиотерапевтӣ махсусан барои барқарор намудани саломатии бемориҳои ба Ковид 19 сироятгардида пешбинӣ шуда, дар он баъди муолиҷа ва машварати табибон вазъи солимии ин зумра беморон беҳбуд бахшида мешавад.

Бояд гуфт, ки дар баробари андешидани тадбирҳои муассир доир ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ бахусус ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамагонро зарур аст, ки ба ваксина фаро гирифта шаванд, ҳамзамон шаҳрвандон роҳҳои самараноки беҳтар намудани саломатии фардӣ, яъне машқу тамрин ва варзиши бадан, ки аз аҷдоди номдорамон мерос мондааст ва аз василаҳои асосии пешгирии беморӣ мебошад, бояд васеъ истифода баранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми як моҳи охир силсилаи зиёди корҳои ободонию созандагӣ дар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуд ва ба ин васила ин гӯшаи шаҳр тарҳу намои зеборо ба худ касб намудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд