(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаҳти чунин унвон дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд маҳфили адабӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфил намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти ташкилоти «Сипари Ватан», меҳмонон, ҷанговарони интернатсионалист аз шаҳри Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрҳои Тошканду Андиҷон, вилояти Сурхандарёи Ўзбекистон ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон парда аз лавҳаи ёдгории таҷдидшудаи «Сипари Ваҳдат», ки ба хотири ҷанговарони бригадаи 99-уми тирандозии алоҳидаи тоҷик» ташкил гардидааст, бардошта, бо он гулу гулчанбарҳо гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо осорхонаи «Бригадаи 99-уми тирандозии алоҳидаи тоҷик», ки дар назди муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1985 бо иқдоми Корманди Шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадназир Аҳмадов таъсис ёфта буд, иттилоъ дода шуд, ки тамоми корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз ҷамъовардӣ карда шудааст ва он дар тарбияи ватандўстиву меҳанпарастии насли наврас саҳми арзандаи хешро гузошта меояд.

Сипас, дар толори муассиса бо иштироки меҳмонон маҳфили илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.

Директори муассиса Манзура Муинова маҳфилро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз тинҷу ором аст ва амониву тинҷии ватанамон барои ҳар яки мо давлати бебаҳост. Тоҷикон табиатан миллати босабру таҳаммул, озодаву соҳибтамаддун ва сулҳҷӯянд. Ҳар яки мо бояд хуб донем, ки дар ин шабу рӯз танҳо муттаҳид будан дар атрофи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ҳифзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯмаку дастгирии ҳамдигар метавонад ҳама мушкилиҳоро бартараф созад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, «Агар моро диламон ба обу хоки ватанамон насӯзад, дили ягон каси дигар намесӯзад. Мо худамон бояд дар муттаҳидӣ барои ободию пешрафти Тоҷикистон кӯшиш кунем. Миллату Ватани мо аз ин ҳам рӯзҳои сахтро дида буд. Худо хоҳад ин ҳам мегузарад».

Сипас, меҳмонон, собиқадорони интернатсионалист аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон баромад намуда, таъкид доштанд, ки пос доштани номи фарзандони шаҳидгашта дар ҶБВ аҳамияти махсус дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқияти собиқ Шӯравӣ ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои тақдири сохтору рушди ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар муҳорибаҳо баҳри наҷоти ҷомеаи башарӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилояту шаҳр дар ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон барои тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Наслҳои ҷавон вазифадоранд, ки собиқаи ин хотираҳоро ҳифз ва корнамоию ҷонфидоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар кишвари худ ва суботи сайёра ташаккул дода метавонанд.

Зикр шуд, ки имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо ба макони истироҳат ва фароғати садҳо ҳазор сайёҳои хориҷӣ гардидааст. Кишвари мо яке аз мамлакатҳои амнтарин дар минтақа арзёбӣ шудааст. Барои расидан ба ҳамаи ин неъматҳо фарзандони миллати тоҷик боз ҳам меҳнати бунёдкоронаро идома бахшанд ва ба зиндагии шоиста шарафёб шаванд.

Барномаи адабӣ-фарҳангии аҳли муассиса табъи ҳозиринро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд