(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд» мулоқот намуд.

Вохӯрии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки силсилаи чунин вохуриҳо тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта мақсад сари вакт ҳаллу фасл намудани мушкилоти мардум аст.
Доири корҳои ба сомонрасида Раиси шаҳр маълумот дода, зикр намуд, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд барои 15 нафар бонувони ҳунарманд соҳиби грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд шуданд.Шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров пурра бо фурузонакҳои каммасрафи муосир  чароғон карда шуда, ҳоло кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд низ бо ин намуди фурӯзонакҳо таъмин карда мешаванд.

Ҳоло нақшаи таъмини кӯдакон бо боғчаҳои бачагона таҳия гашта, пешбинӣ мешавад,ки дар солҳои наздик тамоми кӯдакон ба тарбияи кӯдакистон фаро гирифта хоҳанд шуд Зеро айни замон аз 28 ҳазор кӯдакон,  8 ҳазори онҳо дар қудакистон таълиму тарбия мегиранд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки 2 ҳазор шахсони ниёзманд аз кӯмакҳои яквақтаина бархурдор гаштанд. Ҳамчунин то имрӯз ба 250 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд барои сохтмони манзил ва дастрас намудани масолеҳи бинокорӣ кӯмак расонда шудааст.
Лозим ба ёдоварист,ки дар маҳаллаи мазкур 5 ҳазору 91 нафар дар 846 оила зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми вохӯрӣ санаи 3 декабри соли гузашта ба Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби сокинони маҳаллаи номбурда чанд саволу дархост пешниҳод гардида буд,ки Раҷаббой Аҳмадзода пеш аз қисмати саволу ҷавоб аз натиҷаҳои он дархостҳо аз сокинон пурсон шуд. Иштирокдорони мулоқот аз иҷроиши дархостҳои худ ба Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Имом-хатиби масҷиди ҷомеъи «Нури Ислом» Ибодулло Калонзода доири риояи одобу анъанаҳои миллӣ дар сурулибоспӯшии занон, сомои зоҳирии ҷавонон,ки одоби ришмониро риоя намекунанд, иштироку аъзогии шаҳрвандон дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва террористӣ, дар иштироки занон дар ибодати масҷид ҳарф зада даъват намуд,ки ҳар як мусалмон бояд анъанаҳои миллиро риоя ва эҳтиром намоянд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Мопр ва Шӯро, таъмири роҳҳо, таъмини замини наздиҳавлигӣ, қумак барои муолиҷа, гузоштани аломати роҳ ва ғайра муроҷиат намуданд.