(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар кўдакистони №12-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳфили бадеӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ тарбиятгирандагон дар бораи Сулҳ, Ваҳдат, Пешвои миллат шеъру суру два таронаҳои ҷолиб намуда, мураббиён роҷеъ ба мазмун, моҳият ва қадру қимати Ваҳдати миллӣ маълумот доданд.

Зикр шуд, ки бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст.

Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Таъкид шуд, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири кишвар дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд