(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят.Кормандони маркази дилшиносии вилоят дар шаҳри Хуҷанд соҳиби боз як бинои замонавӣ шуданд. Акнун шуъбаи сеюми ин марказ аз бинои кӯҳна ба иншооти нав интиқол ёфт ва минбаъд дар шароити мусоид бо сатҳу сифати баланд фаъолият хоҳад кард.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъба, ки субҳи имрӯз, 15 сентябр сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ширкат   намуданд.
Чуноне иттилоъ доданд, бинои мазкур қаблан ҳамчун табобатгоҳи бемориҳои сироятӣ амал мекард ва чанд вақти охир дар ҳоли ногувор боқӣ монда буд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми як миллион сомонӣ бино бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ шуд.
Худи шуъба низ то ин дам дар иншооти 120 солае, ки хеле фарсудаю таъмирталаб шуда буд, фаъолият мебурд ва агарчанде, ки табобат дар сатҳи лозимӣ қарор дошт, беморон хешро нороҳат эҳсос мекарданд. Акнун шуъбаи мазкур дар 22 утоқ ва 40 кат бо симои дилкашу муҳити тозаву озода барои муҳтоҷон хизмат хоҳад расонид.
Дар арафаи ифтитоҳи бинои нав шӯъба ҳамзамон соҳиби мошинаи ёрии таъҷилии замонавӣ гардид, ки тибқи лоиҳа ба воситаи ташкилоти байналхалқии «Go help» аз Британияи Кабир дастрас карда шудааст.  Гуруҳи ёрии таъҷилии марказ акнун имкон доранд, на танҳо ба сокинони шаҳри Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ ба корафтодагон кумаки тиббии сайёр расонанд. Нақлиёти ёрии аввалин дорои таҷҳизоти муҳими интиқол, назорати ҳолати бемор ва хизматрасонии нахустини тиббӣ ба муҳтоҷон мебошад.
Зимни суханронӣ дар назди кормандони соҳаи тиб Раиси вилоят ифтитоҳи бинои навро таҳният гуфт ва изҳор намуд, ки он дар соли барои халқи тоҷик таърихӣ – таҷлили 20 - солагии Сарқонуни кишвар, дастоварди хуб ва туҳфаи арзанда барои аҳли ин даргоҳ гардид. Роҳбари вилоят ҳамзамон аз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба соҳаи тандурустӣ дар солҳои Истиқлолият ёдовар шуда, афзуд, ки зиёд шудани миқдори иншооти навбунёд, баланд шудани музди меҳнат ва афзун гардидани сафи мутахассисони соҳибтаҷриба далели рӯшани инкишофи соҳаи тиб маҳсуб меёбад.
Аз номи Раиси вилоят ба шуъбаи нав даҳ адад телевизор ҳадя карда шуд. Собиқадорони соҳа аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ва мақомоти иҷроия ба соҳаи тандурустӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки солҳои охир на танҳо дар маркази вилоят, балки дар дигар шаҳру навоҳӣ аз ҷумла ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод низ марказҳои дилшиносӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд.