(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматзода хонандаи синфи 11 -уми МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Авзалова дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 3 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёии марказиро ба даст овард.

Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико аз ҷумла: Донишгоҳи Крейтен дар штати Небраска, Донишгоҳи Амрикоии Булғористон ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Маркази бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.

Лозим ба таъкид аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо наздик ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Маҳлиёхон Авзалова - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад.

Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур ӯ дар давоми 2 моҳ "эссе" - ро бо забони англисӣ навишта пешниҳод намуда дар озмун иштирок ва ғолиб гардид.

Дар воқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълими дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Айни хол 12 нафар хонандагони синфи 11- уми ин боргохи таълими дар озмунхои бурсияи донишгоххои Штатхои Муттахидаи Амрико голиб омада, сохиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикои грантхои омузиши дар беш аз 20 Донишгоҳҳои бонуфузи Амрикои гардиданд. Ин амр имкон медихад хонандагони болаёқат тарики бучави дар ин Донишгоҳҳои бонуфузи сатхи чахони тахсил намуда, аз навоварихои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгох барои рушди кишвар сахм гузоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд