(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altМавзуна Сангинова хатмкардаи курси челонгарии омўзишгоҳи касбӣ техникии № 44-и шаҳри Хуҷанд амалан исбот намуд, ки бонуи тоҷик низ дар қатори мардон челонгар шуда метавонад.

Мавзуна ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Бўстон соҳиби гранти Президентӣ шуда, акнун бо истифода аз маблағи грантӣ дар худуди омўзишгоҳи касбӣ техникии №44-и шаҳри Хуҷанд коргоҳи худро ифтитоҳ намуда, бо таъмири мошинҳо машғул мегардад.

Мавсуф зимни муаррифии лоиҳаи худ ба занони фаъоли шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар байни 29 нафар ҷавононмардон таҳсил намуда, имрӯз танҳо занест, ки бо ин касб машғул аст ва айни ҳол шогирдонро тарбия намуда истодааст, ки дар байнашон 2 нафар духтарон низ мебошанд. Дар оянда мехоҳад ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад, тахасуси хешро такмил ва фаъолияташро васеъ намояд.

Дар муаррифии лоиҳа ва расмикушоди устохонаи таъмири мошин Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд иқдому кору пайкори Мавзуна Сангиноваро тавсиф намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барояш комёбиву муваффақият орзу намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд