(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар КВДК “Хуҷандобуканал” бахшида ба Рўзи кормнадони соҳаи коммуналӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Носир Ғафурзода, директори генералии КВДК “Хуҷандобунакал” тамоми кормандони соҳаи обрасониро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки беҳдошт, ободонӣ, гулу гулзор ва кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ва болидарӯҳии ҳар як сокини он, аз кори пурсамари мову Шумо вобастагии калон дорад.

Инчунин, ҳамагон хуб медонем, ки об яке аз боигариҳои беназири сайёра ба ҳисоб рафта, он ба ташаккули ҳаёти солим ва зиндагии комилу арзандаи сокинони он мусоидат менамояд. Дар ҷое, ки об ҳаст он ҷо зиндагӣ бо файзу бо баракат мебошад. Ба ҳамин хотир одамон дар рӯи олам обро ҳамчун манбаи гаронбаҳотарини ҳаёту зиндагии худ медонанд. Ҳамзамон, кормандони ҳама соҳаҳои фаъолияти мо масъулияти хеле баландро ба дӯш доранд ва мо боварии комил дорем, ки ин масъулиятро бо сарбаландӣ ҳифз намуда, ба қуллаҳои баландтарини ҳаёти арзандаи халқи азизамон мерасем.

Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об беназир мебошад. Аз ҷумла, конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, намунаи равшани ин иқдомот мебошад.. Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва дигар шарикон гузаронида шуда, ба сифати маркази конфронси СММ оид ба Даҳсолаи миёнамуҳлати об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хизмат мекунад.

Сипас, Олимҷон Қобилов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаби кормандони соҳаи саноати хоҷагию манзилии коммуналии вилоят кулии кормнадони КВДК “Хуҷандобуканал”-ро бо иди касбишон таҳният гуфт.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд