(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Раззоқ».Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода силсилаи вохуриҳоро дар маҳаллаҳои шаҳр оғоз намуд.
Дар вохӯрии худ бо сокинони маҳаллаи номбурда Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳадафи асосии ин мулоқот доири риояи санадҳои ҳуқуқии кишвар доири танзими расму оин ва анъана, масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, риояи анъанаҳои мардумӣ дар либоспӯшии миллӣ,  пешгирӣ намудан аз шомил шудан ба ҳама гуна гурӯҳҳои ифротии ғайриқонунӣ бори дигар сӯҳбат намудан аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин дар идомаи суханронии худ афзуд,ки заҳмату кушишҳои пайвастаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама барои таъмини ваҳдати комили миллат, пойдории осоиштагии кишвар аст. Ин кӯшишҳо танҳо дар ҳолат самараи дилхоҳ хоҳад дод, ки  ҳар як сокини мамлакат барои амалӣ гаштани ин хадафҳо бетараф набошад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода иштирок намуда, доири аҳкоми асосии дини Ислом, ки дини маърифату сулҳ аст, сухан гуфт.
Дар баромади мавсуф нуктаи асосӣ масалаи тарзи либоспӯшии миллӣ ва эҳтироми анъанаҳои маҳаллӣ, ибодати занон дар масчид буд. Зеро он либосе,ки гузаштагони мо мепӯшиданд, худ ҷавобгӯи талаботи шаръӣ аст. Ҳамчунин Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода  қайд  намуд,ки симои зоҳирии ҳар як мусалмон бояд тибқи меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ бошад. Бобати  иштироки занон дар намози ҷамоавии масҷид изҳор намуд, ки дар аҳкоми шариатӣ далелҳои кофӣ мавҷуданд, ки зарурати ин амали занонро рад мекунад.
Баъдан ҳозирон доири чанд масалаҳои баррасӣ шуда ки то имрӯз ҳалли худро ёфтанд ба Раиси шаҳри Хуҷанд минатдории худро баён намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид,ки дархости сокинон дар мавриди ташкили дорухона, таъмири роҳи чанде аз кӯчаҳо, таъмиру зиёд намудани иқтидори пойгоҳи барқӣ, таъмири чойхона дар маҳаллаи мазкур маҳз бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сари вакт ба иҷро расид.
Ҳамчунин сокинони маҳалла бобати таъмири боғчаи бачагонаи № 4 ва№ 7 ,ки дар ҳудуди маҳалла ҷойгир шудааст, дастрас намудани сертификати замин, кӯмак  барои муолиҷа ва доруворӣ, гузоштани аломати роҳ дар кӯчаҳои нақлиётгузари маҳалла ва ғайра муроҷиат намуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.