(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРоҳи мо - роҳи мурод, сулҳ ва ободии диёр аст.
Роҳсозию роҳкушоӣ рисолати азалии халқи куҳанбунёди тоҷик буда, он таи асрҳо моҳияти иқтисодию иҷтимоиии худро гум накардааст. Бунёди роҳ нишони пайванди устувории ҷомеа мебошад.
Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи роҳсозон таҷлил карда мешавад, ба санаи муборак – Рӯзи Истиқлолияти давлатии мамлакат рост омад.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Дар шароити ҷуғрофии кишвар роҳҳои автомобилгард воситаи муҳим пайвастани минтақаҳои кишвар буда, дар таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд. Самараи талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки баъди ба истиқлол расидани кишвари азизамон роҳҳои автомобилгард, пулу нақбҳо сохтаю таҷдид гардиданд. Мавриди истифода қарор гирифтани онҳо имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, роҳ ба кишварҳои ҳамсоя кушода гардад.
Дар доираи Барномаи вилоятии “Соли 2014 – Соли Роҳҳои обод” дар қаламрави шаҳри Хуҷанд мумфарш ва навсозии роҳҳо босуръат идома дорад. Соли равон 116 километр роҳҳои асосӣ ва дохили шаҳр таъмиру тармим гардиданд. Дар ин самт кор вусъати тоза гирифта, то нимаи моҳи июл дар ҳаҷми 4534 метри мураббаъ роҳ мумфарш шуд, ки ин назар ба нақша хеле зиёд аст.
Бунёди роҳ масъулияти инсон аст. Боиси қаноатмандист, ки дар таъмири роҳҳо соҳибкорони шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамасола 10-ҳо км роҳҳо ва иншоотҳои онро таъмиру мумфарш менамоянд.
Роҳ на танҳо манзилҳоро наздик мекунад, балки дилҳоро пайванди дигаре мебахшад. Умед дорам, ки роҳсозони шаҳр ҷавобан ба таваҷҷӯҳи доимӣ ба рушди соҳа вазифаҳои дар наздашон бударо бо дарки баланди масъулиятшиносию ватанхоҳӣ ба ҷо меоваранд ва бо заҳмати шабонарӯзии худ бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди шаҳрро таъмин менамоянд.
Боварии комил дорам, ки Шумо бо истифода аз имкониятҳо вазифаҳои дар наздатон гузошташударо иҷро намуда, баҳри ободию сарсабзии Хуҷанди азизамон ва сазовор таҷлил намудани  ҷашнҳои бузурги миллӣ - 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми босазои худро мегузоред. Роҳи обод ин аломати ободии диёр, беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Ба кулли кормандони соҳа сиҳату саломатӣ, ободии рӯзгору барори кор таманно менамоям.