(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи татбиқи нақша – чорабинӣ бо ширкати аҳолии маҳаллаи «Сари баландӣ» вохурӣ доир шуд.

Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри ХуҷандМуяссара Қаҳҳорӣ , судяҳои суди шаҳри Хуҷанд Фирдавс Ҳусейнзода, Шўҳрат Саидмухторзода, иҷрочии калони хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд Сафархўҷа Маҳмадализода, пристави суди шаҳри Хуҷанд Даврон Рауфзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ оғоз гардид. Мавсуф оид масъалаҳои мубрами руз, аз ҷумла пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳо чавон, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон ва занон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҳамчунин роҷеъ ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва роҳҳои таҳкими он ибрози назар намуда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳоро рисолат ва вазифаи ҳар як соҳибватан унвон кард.

Зикр шуд, ки имрӯз халқии тоҷикро бо фарҳангу тамаддуни воло, маданияту маърифати баланди оиладору муошират байни аъзоёни оила, таҷрибаи сулҳофарӣ, мешиносанд ва эҳтиром менамоянд, ва ҷомеаи солим низ аз оилаи солим маншаъ гирифта, ҷавононро бояд дар руҳияи хештаншиносию одоби муошират ва маърифати оиладориро омузонд. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ин ду арзиши муҳим шарти пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Суди шаҳри Хуҷанд оид ба сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон ва омода намудани онҳо ба ташкили оиладорӣ, дастовардҳо ва пешравиҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба онҳо ноил гардид, ибрози назар карданд.

Қайд гардид, ки тамоми пешравӣ, ободкориву созандаӣ, дастоварду муваффакиятхои кишвар ба қаҳрамонӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад.

Бояд зикр намуд, ки чунин вохўриҳо дар маҳаллаҳои «Қорираҳмат Қурбонов», «Ваҳдат» ва «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи аҳли ҷамотачигӣ баргузор гарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд