(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и шаҳри Хуҷанд машғулияти намунавии “Омодагӣ ба саводомўзӣ” аз тарафи мураббия Мунира Раҳматова ташкил ва баргузор карда шуд.

Таъкид шуд, ки ҷавҳари асосии машғулиятҳои саводомӯзиро нутқи алоқанок, шиносоии овозию ҳарфӣ, машқи хониш, машқи хат ва тозанависӣ ташкил медиҳад. Ҳар яки ин пояҳо аз ҷониби мураббӣ бо мисолҳои аниқ ва аёниятҳои гуногун возеҳу равшан шарҳ ёфтаанд, ки аз он тарбиятгирандагон баҳраи хуб бардоштанд.

Ҷараёни машғулиятро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида намуда, зикр доштанд, ки баргузор гардидани чунин машғулиятҳои намунавӣ дар инкишофи нутқи тарбиятгирандагон заминаи асосӣ мегузорад ва омўзонидани он ба дониш ва маҳорати касбии мураббияҳо сахт вобаста аст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд