(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа ифтихори ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон бо иштироки беш аз 250 нафар ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи ояндасоз” доир гардид.

Чорабининро директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, ҷавонони саодатманди донишкадаро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз номи роҳбарияти донишкада табрик гуфт. Дар идомаи суханронии хеш мавсуф аз дастгирию таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қишри ояндасоз ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа баҳои воқеъбинона дода, зикр намудаанд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад”.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба мақомотҳои роҳбарӣ як зумра ҷавонон пешбарӣ гардиданд, ки маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносӣ ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат гузашта, садоқат ба Ватану обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат натанҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард. Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Соли 2017 Соли ҷавонон эълом гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Дар идомаи суханронии хеш директори донишкада вобаста ба дастовардҳои донишҷӯёни донишкада афзуд, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят моҳвораи ҷавонон натиҷагирӣ карда шуда, боиси хушнудист, ки 10 нафар донишҷӯёни зинаи баклавиратиат, 2 магистр, 2 докторант сазовори стипендияи Раиси вилоят гардиданд. Ҳамчунин 8 нафар донишҷӯёни навовару фаъоли донишкада дар ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолият бурданд. З нафар донишҷӯи донишкада ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд шарафёб гардиданд.

Боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии донишкада гашт, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид, 6 нафар устодону шогирдони донишкада мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар озмуни вилоятии ихтирокорон ва навоварон Исобоева Фараҳноз ва Пирназаров Бегзод дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ ҷои 1-ум ва Толиби Зилолабону дар ин озмун ҷои 3-юмро ишғол намуд. Донишҷӯи Донишкада Уралова Малика дар ҳафтаи мӯд дар водии фарғона ширкат варзида ғолиб омад, ки бешубҳа ифтихори мост. Донишҷӯёни Донишкада дар озмуни шаҳрии “Сад ранги чакан” ғолиб омада, шарафи донишкадаро дар сатҳи вилоятӣ ҳимоя хоҳанд кард. Дар ин соли таърихӣ тибқи созишнома 4 нафар донишҷӯёни донишкада дар ҶДММ Корхонаи илми-истеҳсолии Днепроэнергостали шаҳри Запорожье коромӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ гузаронида омадаанд. Бо мақсади ҷалби донишҷӯёни донишкадаи дар хобгоҳ зиндагидошта озмуни шоҳмотбоз ва шашкаи беҳтарин доир шуда, ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд. Дастаи бонувони баскетболболбози донишкада дар спатакиадаи вилоятии Иттифоқи касаба ғолиб ва соҳиби Ҷом гардиданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ факултети беҳтарин дар маъракаи гусели наваскарон, ғолибони озмунҳои “Илм фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Сад ранги чакан”, “Шоми ҷавонӣ” ширкаткунандагони фаъоли спартакиадаи вилоятӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ғолибони мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Ватан – Модар шеъру таронаҳо сароиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд