(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаи томактабии №35-и ба номи “30 солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омўзиши амиқи забони тоҷикӣ, ба азхудкунии забонҳои хориҷӣ, басусус, англисӣ ва русӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Таълим дар ин муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити мусоиди фароҳамгардида, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Намунаи дарси намунавии ҳамгирои англисӣ ва хориҷӣ дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб аз ҷониби мураббия Марҳабо Орифова ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева ва мутахасисони соҳа иштирок намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд