(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Академияи 4-ум-и ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд конфронс таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бо иштироки курсантон ва устодони Академия доир гардид.

Зикр шуд, ки баргузории ин ҳамоиш нишонаи садоқати аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони ваҳдатшиор ба иқдомҳои ватандӯстона ва миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Маълум аст, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз онҳо ояндаи миллату давлат, қишри ояндасоз, нерӯи фардосоз ва такягоҳи боэътимод ном мегиранд.

Таъкид гардид, ки рӯ ба илму маърифат овардани ҷавонон андешаҳои ҷолибро баён дошта, зикр сохт, ки агар ҷавонон воқеан ҳам хоҳанд, ки пешрафтаву муваффақ бошанд, бояд фурсатро ғанимат шуморида пайи андӯхтани илм бояд шаванд. Зеро имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тавсеаи дониш ва такмили маҳорати ҷавонон шароитҳои хубро муҳайё кардааст.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъоли сипосномаҳо супорида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд