(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади рушди тарбияи зебоипарастӣ ва инкишофи фаъолияти мусаввирӣ дар ниҳоди кўдакон дар ширхоргоҳ-кўдакистони №32-и шаҳри Хуҷанд машғулияти намунавии муштарак бо забони русӣ дар мавзуъи «Цветы» бо тарбиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб ташкил карда шуд.

Машғулиятро мураббияи кӯдакистон Фотима Амонова бо сабки хос ва бо истифода аз таҳти усулҳои пешрафтаи таълим ташкил намуд. Кўдакон дар ҷараёни машғулият хешро озодона ҳис намуда, доир ба намуди гуногуни гулҳо маълумоти муфассал доданд.

Мураббия ба кўдакон бо истифода аз лавозимоти зарурӣ тарзи буридани тарҳҳоро омўзонид, ки хеле аҷиб ва шавқовар буд. Дар ҷараёни машғулият ба кўдакон тарбяи экологӣ, зебоипарастиро талқин намуда, тарзи дуруст ширеш намудани гулҳои баҳорӣ омўзонида шуд. Кўдакон ба гуруҳҳои тақсим шуда, тарзи гулмонӣ, расмкашӣ,суробсозӣ ва пайвастаноиро омўхтанд. Машғуият хеле ҷолиб ва хотирмон сурат гирифт ва аз тарафи намояндаи шуъбаи маориф баҳои баланд дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд