(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми гузашта, дар саҳну ҳудуди театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тантанаи бошукуҳи идона брагузор гардид.

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони саодатёру хуштолеи вилоятро, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандагони фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон ҳастанд, ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона муборакбод гуфт.

Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат муайян намудаанд.

Маҳз, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷўҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрўз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ба маротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд.

Дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерўгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон шоиставу арзишманд мебошад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод пайваста корҳои муайян ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла, сохтмони иншоотҳои иҷтимоиву варзишӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, ҷудо гардидани грантҳо, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъсиси стипендияи Президентӣ, инчунин, стипендияҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо гардидани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои кишварамон ҷудошуда дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд. Иштироки фаъолонаи ҳазорҳо нафар ҷавонон дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят моро итминон мебахшад, ки онҳо ҳамчун ватандўсти асил дар ободониву шукуфоии мамлакат, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳукумати мамлакат саҳми сазовор мегузоранд.

Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар вилоят як силсила қарорҳо, аз ҷумла “Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!”, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ва «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои солҳои хониши 2021-2022» ба тасвиб расиданд.

Гузашта аз ин, баргузории ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят, конференсияи илмии “Ҷавонон -муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ”, маросими тақдими стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бевосита баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандўстӣ, маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими истиқлолияту ободии Ватан мусоидат хоҳад намуд,-иброз дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афҳуд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, пайваста талош менамояд.

Ҷавонони моро зарур аст, ки бо азхуд намудани дастовардҳои технологияи замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшида, такягоҳи воқеии Ватани маҳбуби хеш буданашонро собит намоянд. Зеро ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандўсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки алайҳи ҳамагуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби аҳли санъат барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардида, мушакпаронии идона ба чорабини шукуҳи дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд