(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМо, занону модарони шаҳри бостонии Хуҷанд хушҳол аз он ҳастем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон таърихан бофарҳангу бомаданият, сулҳдӯсту сулҳпарвар, ватандӯсту маорифпарвар буда, мардуми Тоҷикистони биҳиштосо ҳамеша бо фарзандони бонангу номуси ин сарзамини сар ба афлоккашида ифтихор доранд.

Ба ҳамаи Шумо ҳамватанони гиромӣ маълум аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад ва тӯли 30-сол барои таъмини тинҷию оромӣ ва расидан ба даврони ободу озоди имрӯза миллати тоҷик чӣ рузҳоро паси сар кард, дар он саҳми сокинони Бадахшон хеле назаррасанд. Дар даврони соҳибистиылолӣ вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун як гӯшаи Тоҷикистони офтобрӯя аз як маҳалли дурдасту дар мавсими сармо ба пойтахт дастнорас ба як макони зебоманзару обод ва на танҳо бо тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон пайваст, балки ба «Дарвозаи тиллоӣ»-и он табдил ёфааст.

Ҳодисаҳои рӯзҳои охири дар вилояти Бадахшон ба вуқӯъомада, ки мутассифона аз ҷониби баъзе гуруҳҳои ғаразнок ва манфиатдоре, ки дар талоши мураккаб намудани вазъи орому осудаи Ватани мо, миллати ориётабору оламшумули моро доранд, занону модарони шаҳри Хуҷандро бетараф нахоҳад гузошт. Маълум аст, ки чунин гурӯҳҳо ҳаргиз ба манфиати ҷомеаи мо кор нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ғаразҳои онҳоро дарк намуда, фирефтаи ҳадафҳои нопокашон нагардем!

Аз Бадахшон то Зарафшон, то Ҳисору Суғду Хатлон ҳама соҳиби ин давлату ин миллатем, ки номаш Тоҷикистон аст! Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба иттилооти баъзе ифротиёне, ки кӯшиш доранд, байни мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо нофаҳмию нооромиро ба миён оранд, бовар накунем. Онҳо низ бояд дар хотир дошта бошанд, ки имруз Сулҳу Ваҳдати миллии мо устувору пойбарҷост, ҳушёрию зиракии сиёсӣ мақсаду мароми мост!

Мо бояд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайи тарбияи неки фарзандон машғул шавем, то ки фарзандон хуб тарбия ёфта, ба амалиҳои ношоиста даст назананд, ватандӯсту созанда ба воя расанд ва барои ободии Ватани хеш, аз ҷумла Бадахшон хизмат кунанд.

Мо ба иродаи мардуми Бадахшон эътимоди комил дорем ва хоҳони сарҷамъии кулли ҳамдиёрон ҳастем.



Аз номи кулли занону модарони
шаҳри Хуҷанд