(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори варзишии Гимназияи №24-уми шахри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ марҳилаи дуюм оид ба гӯштини юнонӣ- румӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардида, ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд