(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастури роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол намудани 25 солагии Ваҳдати миллӣ, 30 солагии Иҷлоси 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соҳили дарёи Сир аксияи умумишаҳрии «Дарёи Сир-зеби Хуҷанд» ташкил ва гузаронида шуд.

Ба аксияи мазкур беш аз 400 нафар муҳассилини литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56, ДДҲБСТ ва сокинони маҳаллаҳо ҷалб гардиданд.

Ҳашарчиён аз ду канори дарё алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ва ғайраҳоро ба пуррагӣ тоза намуда, баҳри мунаввар ва боз ҳам зебо шудани дарёи Сир мусоидат намуданд.

Таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният-ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Дарёи Сир ҳамчун мавзеи сайёҳгузор бояд ҳамеша тозаю озода бошад.

Бояд қайд намуд, ки аз байни шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз калонтарин ва дарозтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ- Сир мегузарад. Дарозии дарё 2529 километр буда, суръати он ар як сония 4-300 метри муккааб мебошад. Мардуми Хуҷанд аз қадимулайём ин дарёро ба мисоли рўди Ганг (Ҳиндустон) муқаддас мешумориданд ва ҷашни Наврўзро ҳамасола дар соҳили он истиқбол мегирифтанд. Дар дарёи Сир навъҳои гуногуни моҳӣ аз ҷумла сурхмоҳӣ, сазан, лақамоҳӣ, мормоҳӣ, моҳии серсўзани сурхмоҳӣ, гулмоҳӣ мавҷуд аст.

Сирдарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 10 км дарозӣ дорад. Моҳҳои март-апрел фасли серобӣ буда, дарё пури об мегардад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд