(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ВАСОИТИ МУҲИМИ ИТТИЛООТУ ИРТИБОТ

Мўҳтарам кормандони соҳаҳои радио ва алоқа!

Таҷлили Рўзи кормандони радио ва алоқа ва дар ин замина, рў овардан ба таърихи фаъолияти алоқачиён ва кормандони радио, қабл аз ҳама эътирофи аҳамияти соҳа, қадри сухан чун нерўи бузурги ҳидояткунандаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони соҳа аст.

Мусаллам аст, ки пешрафту тараққиёти ҳаёти имрўза ва рушди соҳаҳои мухталифро бе истифодаи техноло гияҳои инноватсионии алоқаю иттилоотӣ тасаввур кардан душвор аст.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои гуногуни алоқа ба сатҳу сифати дигар бароварда шуда, барои истифодаи доираи васеи шаҳрвандон ва корхонаю ташкилот манзур гаштааст.

Алоқа ва радио ҷузъи таркибии рўзго- ри ҳамарўзаи мо гашта, мардум аз тамоми дастовардҳои ин соҳа огоҳӣ дорад ва аз имкониятҳои он фаровон истифода мебарад.

Фаъолияти пурсамари ширкатҳои моби- лӣ, шабакаи телефони шаҳрӣ, намояндагии департаменти давлатии «Почтаи тоҷик» дар шаҳри Хуҷанд, радиои вилояти Суғд ва 6 радиои маҳаллии мустақил дар шаҳри Хуҷанд бозгўи он аст, ки дар асри мо алоқа ва радио чун воситаи муҳимтарини иртибот ва иттилоот аҳамияти муҳим дошта, барои мароми мураттаби ҳаёти сокинон нақши муассир дорад.

Шоёни зикр аст, ки кормандони радио ва соҳаҳои алоқа бо дарки масъулияти баланд дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷ тимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат ва дар раванди пешравиҳои беназир иштироки бевоситаи фаъолона доранд.

Дар баробари ин, кормандони соҳа дар тарғиб ва амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд.

Кормандони радио ва соҳаҳои алоқаро бо иди касбиашон самимона муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, саодати умр, рўзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон комёбиҳои беназирро таманно дорам.