(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи кормандози мақомоти андоз бо иштироки кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рўзи кормандони андоз ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд”.

Таъкид шуд, ки имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад. Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомоти андози шаҳр мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, ҷиҳати равнақ бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истодаи бузурги миллӣ 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоxикистон дар шаҳр сохта ба истифода додани иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ ба назар гирифта шудааст, ки албатта амалӣ гардидани ҳамаи он ба кору фаъолияти пурмасъули кормандони мақомоти андози шаҳр вобастагӣ дорад.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Алихон Иззатуллозода, сардори нозироти андози шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷуҳу қадршиносӣ ва роҳандозии таҳкими фаъолияти дуҷониба ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд