(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи таълимии хусусии "Литсейи Рустамов" дарси намунавии шаҳрӣ аз фанни алгебра дар синфи 8 бо роҳбарии омӯзгор Мавҷуда Худойдодова дар мавзӯи "Хосиятҳои дараҷаи нишондиҳандааш бутун" доир ба амалӣ гардонидани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дарc бо усулҳои интерактивии таълим бо истифода аз тахтаи электронӣ ҷолиб гузашт. Омӯзгор дар ҷараёни машғулият дар такя ба адабиёти илмӣ бо овардани мисолҳои мушаххас мавзуъро бо усули соддаву равон пешниҳод намуд.

Хонандагон бо шавқу завқ ва фаъолнокӣ дар дарс иштирок намуданд. Дар дарс намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, маъмурияти муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Рустамов” ва якчанд нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд