(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдомоти тозаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Иди саиди Фитр тамоми қишрҳои осебпазири шаҳр ба кўмакҳои яквақтаи ғизоӣ фаро гирифта шуданд.

Маводҳои ғизоии ниёзи аввалия, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра иборат буда, ба эҳиёҷмандон дастрас карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи дархост ва муайяннамоии ҳолати иҷтимоии сокинон дар 22 маҳаллаҳои шаҳр аз тарафи соҳибкорон ва ашхоси доро низ чунин иқдомҳои хайрхоҳӣ дар арафаи Иди саиди Фитр анҷом дода шуданд.

Тибқи иттилои масъулин то ба имрўз ба беш аз 1500 нафар эҳтиёҷмандон кўмакҳои якдафъаинаи ғизоӣ расонида шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин амалҳои хайрхоҳона бо дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд