(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъиноташ гуногун ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба василаи муҳайё намудани мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Субҳи имруз ризокорон дар маҳаллаҳои шаҳр ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида, атрофи биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва идораву ташкилотҳоро ҷилои нав бахшиданд.

Дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аксияҳои тозагии маҳал бо иштироки ҷавонони фаъол ташкил карда шуд, ки эшон дар беҳбудбахшии фазои экологии шаҳр ҳиссаи арзандаи хешро гузоштанд.

Ин ҳама тадбирҳо имкон медиҳад, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ба яке бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид хоҳад шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд