(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст: «Ояндаи миллат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.»

Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон аз ҳар як нафар ҷавон, бахусус Шумоён – донишҷӯёни азиз, дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо менамояд.

Ҳамзамон, ин дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро низ дар масъалаи истифодаи самараноки нерўи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандўзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки таҳти роҳнамоӣ ва иқдомҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон дар ҳудуди вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баргузории имрӯза мулоқоти мо низ далели бесовитаи ин гуфтаҳо ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик илму маърифат мақоми баланд дошт. Мутафаккирони тоҷик дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон саҳми бузург гузошта, мероси гаронбаҳои онҳо аз ҷониби насли имрӯза низ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Фарҳангу маънавиёт дар таърихи пурғановати халқи тоҷик ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, он моҳиятан амалии созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ, хоса мактабҳои олӣ мақоми шоиста доранд. Мактабҳои олӣ ҳамчун махзани илму маърифат дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас гузошта истодааст. Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди пайгиронаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Раиси шаҳр гуфт, ки илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои мустаҳкам ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳим ва тақдирсоз аст. Ба дастовардҳои назаррас ноил гардидани донишҷўёни шаҳр низ бори дигар эътимоду боварии моро ба нерўи ақлонии Шумоён – бунёдгарони имрӯзу фардои кишвари маҳбубамон зиёд мегардонад. Ширкати донишҷўён дар озмунҳои фаннию корҳои илмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он, иштироки онҳо дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ватаниву хориҷӣ, афзудани дифои рисолаҳои илмӣ аз ҳисоби олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз дастовардҳои ҷавонони ояндасози Хуҷандшаҳри азизамон шаҳодат медиҳад.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ҷавонони фаъоли диёри бостонӣ, вале ҳамешаҷавони Хуҷандшаҳр барои ғамхориву пуштибонӣ, ҷиҳати пешрафти Тоҷикистони азиз, барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва муаррифии шоистаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ беш аз пеш кўшиш ба харҷ диҳед. Шумо аз ҳидоятҳои шоёну доимии Пешвои муаззами миллат рўҳу илҳоми тоза гирифта, рисолати аслии худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар рўзгору фаъолияти хеш ба таври зарурӣ ба анҷом мерасонед. Ба омўхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро азхуд менамоед, Ватанро аз ҷон дўсттар, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор мешавед!

Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми суханрониаш гуфт, ки имрўз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст. Бо боварии комил метавонам зикр намоям, ки ҳар яки мо бо сарбаландӣ ва ифтихор дар соли 2022 – соли ҷашнгирии 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми қавӣ шаҳри ҳамешаҷавонамонро боз ҳам шукуфонтар гардонида, санаҳои муҳими таърихиро бо дастоварду натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол мегирем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати ҷалби онҳо дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот тадбирҳои судманд меандешад.

Сипас мулоқоти озоду ошкорои шаҳрдор бо донишқӯён сурат гирифт.

Муталлиб Маҳмудов, донишҷӯи соли панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Зебо Шодмонова, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Шоҳин Асроров, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Ширина Ғозиева, донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ, Фарҳод Раҳимов, Муҳаммад Иброҳимов, Шаҳзода Турсунова донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигарон бо дархост пешниҳод ва ташаббусҳои созанда ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла, Муталлиб Маҳмудов, донишҷӯи соли панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров изҳор дошт, ки баъди супоридани имтиҳоноти хатм ба хизмати Модар-Ватан меравад ва дар қатори дигар ҷавонони бошараф дарси мардонагию ҷасорат гузашта, сарзамини аҷдодии хешро ҳифз менамояд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода беш аз 200 нафар донишҷӯёни фаъол ва пешқадамро бо маблағҳои пулӣ қадршиносӣ намуд.

Дар мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев иштирок ва суханронӣ намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд