(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади бештар огоҳӣ пайдо намудан аз қобилияту истеъдод, маҳорати суханварӣ ва дониши сиёсии донишҷӯён ва дар ин замина аз наздик шинос шудан бо ҳамаи шуъбаҳои Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамасола дар ин боргоҳи маърифат ҳафтаи худидоракунӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол баргузор мегардад. Беҳтаринҳо ҳамчунин ба ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавсия дода мешаванд.

Чун анъана ба муносибати моҳвораи ҷавонон бо икдоми директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ эълон карда шуд.

Барои ҷалби донишҷуён ба вазифаҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Раёсати донишкада озмун гузаронида шуд.

Дилафрӯз Саидӣ зимни ифтитоҳи озмуни интихоби довталабон қайд намуд, ки ба донишкада беҳтарин донишҷӯён ҷалб шудаанд ва ҳисси баланди ифтихорӣ низ доранд. Мавсуф аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештару беҳтар хонанд, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” пайравӣ намоянд.

Дар озмун муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов, муовини директор оид ба илм Усмонҷон Ахмедов, сардорони шуъбаҳо ва деканони факултетҳо ширкат варзида, аз донишу маҳорати иштирокчиён воқиф гардиданд. Аъзоёни комиссия бо донишҷуён сӯҳбат гузаронида, ҳамчунин, аз дониши сиёсии онҳо бохабар гардиданд.

Донишҷӯёне, ки ба вазифаҳои мувофиқ соҳиб шудаанд, муваззаф гардиданд, ки бояд дар моҳвораи ҷавонон, ки моҳи майи соли равон дар назар аст, мувофиқи интизоми меҳнатӣ ба вазифаи худ шуруъ намуда, фикру ақидаи худро нисбати фаъолияти шуъба баён намуда, малакаи роҳбарии хешро нишон диҳанд. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо, нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд ва бояд нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд