(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Субҳи имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон якчанд нафар эҳтиёҷмандон, беморон ва собиқадорони меҳнат аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аёдат карда шуд.

Раиси шаҳр ҳангоми дидорбинӣ бо аёдатшудагон гуфт, ки бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ мо ҳамагон бо аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми якдигар аз ҳоли эҳтиёҷмандон ва ашхсои хизматнамуда дар арафи иду айём ва рўзҳои таърихӣ бохабар мегардем. Ин пеш аз ҳама аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои тоҷик ба шумор меравад.

Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати озод бо ашхоси камбизоат ва бемор омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ҷиҳати бартараф намудани мушкилоташон изҳор дошта, таъкид намуд, ки онҳо ҳаргиз танҳо нестанд ва ҳамеша ба Давлату Ҳукумат такя намоянд.

Аёдатшудагон Назарбобо Пўлодов, Омина Пўлодова сокинони маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов», Зебӣ Саидова бошандаи маҳаллаи «Хуҷанд», Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори хизмати давлатӣ Хосият Зокирова, собиқадори соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, сокини маҳаллаи “Чорчароғ” Тўҳфахон Мўсоева ва дигарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ, амну осоиш, таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа дуои нек намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд