(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар Кохи «Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Дар он аз 778 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 296 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (45 медали тилло, 86 медали нуқра, 165 медали биринҷӣ) гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибон медалҳо, «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадаҳо саҳм доштанд, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ –гуманитарӣ ва технологияи иттилоотӣ хонандагони муассисаҳои таълими шаҳри Хуҷанд барои гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ, аз он ҷойи якум-1 нафар,ҷойи дуюм-5 нафар ва ҷойи сеюм- 5 нафар мебошад.

Ҳамин тавр, дар бахши забон ва адабиёти рус, мақоми аввалро хонандаи гимназияи Гёте Бислан Бобоҷонов ба даст овард.

Хонандаи синфи 11 литсейи физикӣ-математикии № 1-Усмонов Ҷахонгир ва хонандаи синфи 11 МТМУ 5 -Сатторова Дилноза аз фанни забони русӣ, хонандаи синфи 11 МТМУ 16 Ғафуров Абдушукур аз фанни технологияи иттилоотӣ, хонандаи синфи 11 МТУҒ "Паймон" Бойматова Азиза аз фанни забон ва адабиети рус, хонандаи синфи 11 МТУҒ "Пулотов" Саидова Махфират аз фанни забони давлатӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Хонандаи синфи 11 литсейи физикӣ-матиематикии № 1 Нодири Хусрав аз фанни технологияи иттилоотӣ, хонандаи синфи 11 литсей 1 Раупова Фарангис ва хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат Самандаров Самандар аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 11 МТУҒ гимназияи “Ганҷ" Азизова Шаҳло аз фанни забони русӣ, хонандаи синфи 11 МТУҒ"Пулотов" Давлятмамадова Умеда аз фанни забон ва адабиёти рус сазовори ҷойҳои суюм шуданд.

Хонандаи синфи 11 МТУҒ "Пӯлотов" Пӯлодов Юсуфҷон ва хонандаи синфи 11 ба литсей барои хонандагони болаёқат, Ҷӯраев Абдуаҳад аз фанни технологияи иттилоотӣ, хонандаи синфи 11 литсейи физикӣ-математикии № 1 Мӯминзода Меҳрангез аз фанни ҳуқуқи инсон сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Ба омӯзгори фанни забони русӣ- МТУҒ "Гимназияи Ганҷ" Файзуллоева Фирӯза барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаи ҷумхуриявӣ Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Таъкид шуд, ки шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара, Исмоили Сомонӣ, Исфара, Ҳисор, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Хоруғ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мазкур ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.

Ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст. Ин холҳо ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова мегарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд