(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Барномаи “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” маросими ифтитоҳи курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳии машғулиятҳо Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Муҳаббат Нозимова, ходими давлатию ҷамъиятӣ, Матлуба Муинова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои бехбуди вазъи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намояд. Бояд тазаккур дод, ки “Барномаи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст. Таҳия, қабул ва амалигардонии Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва болоравии маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфузи онҳо дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар асоси Барнома ва тибқи нақша – чорабинии он ҳамасола курси 3 моҳаи «Зан – сарвар» баргузор мегардад, ки шурӯъ аз давраи амалишавии барнома соли 2017 то ин дам 160 нафар занону бонувон онро хатм намуда, соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд.

Зикр гардид, ки имрўзҳо дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Дар ин замина нишондиҳандаи фаъолияти занон дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр умедвории моро ба ояндаи нек қавӣ месозад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли равон занон 97 ҳазору 660 нафар ё худ 49,2 фоизи аҳолии шаҳрро ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда, айни ҳол 1216 нафар занону бонувон фаъолият менамоянд, ки ин шумора дар қиёс ба соли 2016 329 нафар зиёд мебошад.

Дар мансабҳои хизмати давлатӣ аз 54 нафар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 24 нафар занон хизматчиёни давлатӣ буда, аз ин дар мансабҳои роҳбарикунанда 7 нафар зан – роҳбар мебошанд.

Дар шаҳри Хуҷанд алҳол, аз ҳисоби занон 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, дар Маҷлиси вакилони халқии шаҳр аз 40 нафар намояндаи мардумӣ 15 нафар ё худ 37,5 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Дар шаҳр 23 нафар қаҳрамонмодар, 60 нафар дорандаи ордену медалҳо, 100 нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 10 дорандаи медали «Хизмати шоиста», 14 нафар докторони илм, 124 нафар номзадони илм, 161 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, яке аз муовинони Раиси шаҳр, аз шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр 1 нафар, аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ 5 нафар, дар соҳаи сохтмонию меъморӣ 1 нафар ва аз теъдоди умумии раисони маҳаллаҳо 3 нафарро занони роҳбар ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр аз 50 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 34 нафар ё худ 68 фоиз занон ҳамчун директорони муассисаи таълимӣ фаъолият бурда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки дар 50 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 100 фисад занону бонувон ба ҳайси мудири муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд.

Аз теъдоди умумии 16 муассисаҳои соҳаи тундурустии шаҳр 7 адади он ё худ 43 фоизро занон роҳбарӣ менамоянд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар муассисаҳои бонкии шаҳр 1022 нафар занон фаъолият доранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд