738
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
08 Сентябр 2014
Дар арафаи ҷашни 23 солагии истиқлолияти кишвар як қатор сибиқадорони меҳнати ва шахсони барӯманди маркази вилоят бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла 14 нафар бо маблағи ҳазор сомонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар 500 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва ба маблағи 200 сомонӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадаро бо ҷашни хотирмон,-23 солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Мукофотпулии сарвари кишварро Муовини аввали Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинов ба 14 нафар собиқадорон супорида, орзуҳои нек ва таманнои тансиҳатию хонаободиашон намуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Абдулатиф Қодиров низ изҳори умедворӣ қайд намуд,ки ин эътибори пайваста барои бо ҷо овардани эҳтирому манзалати пирони рӯзгордида мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди супоридани кӯмакпулӣ ба 10 нафар шахсони барӯманд, таъкид намуд,ки давлату ҳукумат ҳамеша ба таҷрибаю нерую иродаи шахсони рӯзгордида менамояд. Зеро ҷашнигири санаҳои бузурги миллӣ дар як вақт ба ҷо овардани эҳтироми шахсони барӯманди кишвар аст.