(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дастур дода буданд, аз ҷониби вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон №6”, мудири филиали БДА “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд Меҳрдод Қаҳҳорзода якчанд нафар сокинони ҳавзаи интихоботӣ аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат таъкид шуд, ки моҳи шарифи Рамазон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавҳари он аз ормонҳои башардӯстиву шафқат иборат мебошад. Дар ин моҳи муборак мардум бо рӯҳияи болида ва бо шукргузорӣ аз зиндагии пурсаодати имрӯза ба аёдати ҳамдигар рафта, аз ҳоли эҳтиёҷмандон хабар мегиранд, саховатмандон корҳои неку савобро бештар менамоянд. Ин ҳама таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон бо ин, саршор аз фазилатҳои меҳру саховат, ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва бо ҳамдигар наздик буданро ифода менамояд.

Ба аёдатшудагон маводҳои ниёзи аввалия супорида шуд, ки дастархони рамазониашон фаровон бошад.

Аёдатшудагон барои ин иқдоми шоиста, ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуда, дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таъоло барои кишвари азизамон суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд