(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва рўзи интихоботи миёнадаврӣ муайян гардид.

Дар Конфронс муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва 195 нафар вакилон иштирок намуданд.

Наим Маликисломӣ, кори конфронсро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ба муҳокимаи Конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад: пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд «Бобоҷон Ғафуров» №3 ба ҷойи вакили хориҷшуда ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд «Камоли Хуҷандӣ» №4 ба ҷойи вакили хориҷшуда.

Гуфта шуд, ки дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 16 марти соли 2022 таҳти № 292 «Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум аз ҳавзаҳои интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» №3 ва «Камоли Хуҷандӣ», №4 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда вакилони конфронс имкон доранд, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии зикршуда пешбарӣ намоянд.

Сипас ба ҳамчун номзад вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» №3 номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ Абдураҳмон Қосимов, директори генералии ҶДММ “САХО-и К”-и шаҳри Гулистон, аъзои ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд ва вакилон онро дастгирӣ карданд.

Дар бораи фаъолияти номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» №3 ба вакилон маълумот манзур гардид.

Ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» №4 номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва аз ҷониби иштирокдорони конфронс пазируфта шуд.

Дар бораи фаъолияти номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» №4 Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дода шуд.

Номзадон пешбарӣ ва вакилон ба тарафдории онҳо якдилона райъ доданд.

Якчанд нафар вакилон андешаҳои худро доир ба номзадони пешниҳодшуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят иброз доштанд.

Бо ҳамин кори Конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд анҷом пазируфт ва қарор карда шуд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бар ивази вакилони хориҷшуда санаи 15-уми майи соли ҷорӣ сурат гирад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд