(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Касри варзиш мусобиқаи варзиши оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVl- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии МИҲД -и шаҳри Хуҷанд, ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ шурӯъ аз 1 апрел то ба имрӯз идома кард. Дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста дар ду гурӯҳ байни ҳам рақобат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби омма ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки давоми солҳои охир таваҷҷуҳ ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзуда, чавонону варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар бозии финалии мусобиқа дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо тими футболбозони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ракобат намуда бо натиҷаи 4 бар 2 ғолиб гардиданд.

Дар натиҷа дастаи ДДҲБСТ сазовори ҷойи якум, дастаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ДИСДДТТ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо Ҷом, диплому медал ва беҳтаринҳо низ туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд