(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати кормандони вазорат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд.

Субҳи имрўз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар собиқадори меҳнат рафта, онҳоро аёдат намуда, маводи ғизоӣ ва кўмакҳои молӣ намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаи тандурустӣ Барно Ахмедова, Фарҳод Юсупов, Марҳамат Сайдуллоева, Набиҷон Раупов, Муҳаббат Абдуҳалимова, Ирина Саприкина ва дигарон аз ҳолу аҳвол ва зиндагии эшон пурсон шуда, роҷеъ ба раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Таъкид гардид, ки мардум ба шарофати сулҳу амният ва осоиштагӣ бо меҳнати суботкорона дар пешрафти Давлату мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Химати собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Вазироти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва онҳо омода ҳастанд, ки мушкилот ва дархости онҳоро ҳаллу баррасӣ намоянд. Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд