(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори варзишии "Қасри варзиш"-шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2008-2009 бахшида ба 70-солагии Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Инъом Муҳитдинов ҷамъбаст шуд. Мусобиқаи варзишӣ давоми 3 рӯз идома ёфта, дар он зиёда аз 80 нафар варзишгарон дар ҳайати 5 даста иштирок намуданд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва як қатор собиқадорони соҳа иштирок ва баромад карданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Варзишгарони шаҳр низ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо мақсади қадршиносӣ аз меҳнату заҳматҳои Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Инъом Муҳитдинов ёдовар шуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода расонида шуд.

Дар охир дастаҳое, ки ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд