(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имруз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим доштанд.

Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Зикр гардид, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад. Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов ва гўсфанд 55 сомонӣ, пиёз аз 2 сомонию 90 дирам, сабзӣ 1 сомонию 50 дирам, картошка 2 сомонию 20 дирам., як кило шакар 9 сомонӣ, як кило моҳӣ 20 сомонӣ, биринҷ 8 сомонӣ арзиш дошт. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 290 сомонӣ мефурӯхтанд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд