(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз нахустин шумораи ҷавонони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки баробари оғози даъвати баҳоронаи наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан дарси мардонагӣ омўхта, аз имтиҳонот ҳаёт гузарад.

Дар тарбияи ин ҷавони ватандўст саҳми волидайни ў, бахсус падараш Юсуф Маҳмадиев, сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар роҳи оҳани вилояти Суғд беназир аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.

Роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони ғаюру ватандўст, аз ҷумла Бахтиёр Маҳмадиев ифтихор мекунад, ки кору вазифаи хешро нисори ҳимояи Ватану миллат ва сарзамини худ намуда, сарбаландона баҳри хизмат ба Артишӣ миллӣ рафта истодааст. Ин намунаи олии ватандўстӣ ва мояи пайравӣ ба дигар ҷавонони Марказ аст. Ҷавонони меҳан бояд бо шукрона аз амну осиштагӣ бо садоқати ватандўстона, барои рушду нумўи кишвар, ҳимояи марзу бум ва осоиштагии халқаш хизматҳои шоистаро пеша намоянд ва ин рисолатро аз ҳама арзишҳо боло донанд.

Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ифтихор аз он дорад, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони муқаддас таваллуд шудааст ва зиндагӣ дорад. Мегўяд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имтиҳони ҷиддӣ аст, барои ҷавонписарон марҳилаи басо ҳассосу тақдирҷунбон маҳсуб меёбад. Ҷавононе, ки аз оила, мактаб ва муҳити созгор тарбияи хуб гирифтаанд, хуни гарми мардонагӣ доранд, ҳатман барои ҳифзи Ватан мераванд ва ҳимояи волидайни худ, оилаи худ ва хешу ақраборо рисолати ҷонии худ медонанд. Нафаре, ки хизмати Ватан мекунад ба қадри падару модар, аҳли хонавода, ҳамкорон, сарзамин ва амну осоиштагии имрўза мерасад.

Бале, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстиашон боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо, воқеан, ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Тоҷикистон дорои неруи пуриқтидори ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд.

Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар дар марҳилаҳои душвори таърих низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки Истиқлол, Сулҳу Ваҳдат ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Мо бояд шукрона аз ин давлату миллат намуда, дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, якпорчагии он, муҳофизати арзишҳои миллӣ, таъмини зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишвар, аз ҷумла хонадони хеш вазифа ва қарзи имонии ҳар як ҷавонмарди бедор аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намудаанд, ки: Мо як модар, як Ватани маҳбуб дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Яъне модар ва Ватан ду қисми ҷудонашавандаи як пайкар ҳастанд. Тавре ки барои ҳар инсон хизмат ба волидон, аз ҷумла ба модар фарз аст, ба ҷо овардани хизмати Ватан, посбонӣ намудани марзу буми он ва самгузорӣ дар пешрафту ободияш барои ҳар ҷавон қарзи муқаддас ба ҳисоб меравад”.

Биёед, ҷавонони шуҷои Ватан мисли Бахтиёр Маҳмадиев бо бедорию зиракӣ, иродаву қатъият, устувориву матонат, мардонагӣ, ҷасорату далерӣ, фидокорӣ рисолати хешро сарбаландона иҷро намоем.

Хизмат ба Ватан, Хизмат ба миллат, Хизмат ба фардои дурахшони сарзамин аст!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд